Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли ИМА аз таҳқиқи дахолати Русия даст кашид


Вазири адлия ва Додситони кулли ИМА Ҷефф Сешнс худро аз таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии Амрико канор кашид. Ӯ ин тасмимашро дар як нишасти хабарӣ рӯзи панҷшанбе эълон кард. Сешнс гуфт, баъди омӯзиши тамоми аснод ва дастурамалҳои марбута тасмим гирифт, аз санҷиши маъракаи интихоботӣ, ки худи ӯ дар он ба ҳайси мушовири президент Доналд Трамп иштирок дошт, даст кашад. Ӯ афзуд, ки омодааст ба ҳамаи саволҳои иловагии Кумитаи ҳуқуқи сенат ҷавоб диҳад.

Ҷефф Сешнс пас аз он ки маълум гашт бо сафири Русия дар ИМА мулоқот кардааст, мавриди интиқодҳо қарор гирифт. Ҳарчанд ӯ дар кумитаи сенат гуфта буд, ки бо намояндаи Кремл вонахӯрдааст. Сешнс изҳор дошт, ки ҷавоби ӯ ба суоли аъзои кумитаи сенат дар бораи тамосҳояш бо намояндагони Русия комилан одилона буд. Зеро медонист, ки манзури онҳо "тамосҳои доимӣ" ва баррасии маъракаи интихоботӣ бо намояндагони Кремл аст.

Вай тасдиқ кард, ки бо сафири Русия ду бор мулоқот кардааст ва яке аз онҳо хеле кутоҳ буд. Вохӯрии дувуми Сешнс дар утоқи кори ӯ дар Сенат бо ҳузури ду ёвараш, ки полковники мустаъфиянд, сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба терроризм, гурӯҳҳои мазҳабӣ ва вазъ дар Украина баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG