Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Oxfam: Ҳуқуқи занон дар аксар кишварҳои ҷаҳон нақз мешавад


Покистон - Коргари корхонаи хиштсозӣ дар канораҳои Лоҳур, як рӯз қабл аз Рӯзи Байналмилалии Занон. 7 марти соли 2016.

Oxfam, созмони мубориза бо камбизоатӣ мегӯяд, ки хатари фақиру бенаво шудани занон, дар муқоиса бо мардҳо бештар аст. Зеро, ба таъкиди созмон, дар 155 кишвари ҷаҳон ҳадди ақалл як қонуне вуҷуд дорад, ки ба мардҳо бартарии иқтисодӣ медиҳад. Гузориши Oxfam дар пешорӯи Рӯзи Байналмилалии Занон - 8 март нашр шуд.

Ба гуфтаи ин созмон, ҳоло фарқи байни падохти меҳнати мардҳо ва занон 23 дар сад буда, занҳо даҳ баробар бештар аз мардҳо меҳнати бемузд анҷом медиҳанд. Пажӯҳиш дар 67 кишвари дар ҳоли рушд нишон дод, ки ҳар марди панҷум мухолифи фаъолияти меҳнатии занон аст, ҳатто агар ин занҳо тахассуси зарурӣ дошта бошанд.

Коршиносон мегӯянд, барои дастрасии баробар ба меҳнат, маош ва зарфият дастикам 170 сол зарур аст. Oxfam даъват кардааст, ки аз занҳо дар роҳи дастёбии онҳо ба баробарии меҳнат пуштибонӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG