Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ба Тоҷикистон 500 ҳазор доллар кумак мекунад


Мулоқоти ду раҳбар дар Исломобод рӯзи 1 март баргузор шуд

Покистон барои кумак ба Тоҷикистони осебдида аз офатҳои табиӣ дар ҳаҷми 500 миллион рупия, муодили 500 ҳазор доллар ёрӣ хоҳад кард. Дар ин бора Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар мулоқоти рӯзи 1 марташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 13-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Исломобод хабар додааст. Радиои давлатии Покистон хабар дод, ки дар ин мулоқот Навоз Шариф дар робита бо ҳалокати инсонҳо ва тахриби сохторҳои инфрасохторӣ дар паи тармафароиҳои зиёд дар зимистони соли ҷорӣ изҳори таассуф кардааст. Вай дар мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон гуфтааст, дар чунин шароити мушкил Покистон дар ҳаҷми ним миллиард рупия кумак ба Тоҷикистон ёрӣ ирсол мекунад.

Дар пайи як даъвати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кумак ба ин кишвар барои муқобила бо офатҳои табиӣ ва ёрӣ ба мардуми ниёзманд дар пайи офатҳои табиии имсола, ҳукуматҳои ИМА ва Русия ба Тоҷикистон ёрӣ карданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар тармафароиҳои имсола дар вилоятҳои Бадахшон ва Суғд дар маҷмӯъ 21 нафар ҷон бохта, 3 нафар нопадид шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG