Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: "Конститутсия бе назарпурсӣ ислоҳ мешавад"


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар робита ба бозтақсими салоҳиятҳо миёни шохаҳои ҳокимият гуфт, барои ворид кардани тағйир ба Конститутсия назарпурсӣ доир намешавад. Ӯ афзуд, ки тағйиротро ба қонунгузорӣ порлумон ворид мекунад.

"Дар Конститутсияи мо зикр шудааст, ки мо метавонем илова ва тағйиротро ба Қонуни асосӣ ҳам бо роҳи назарпурсӣ ва ҳам аз тариқи порлумон ворид кунем. Инро президент ҳал мекунад. Аз ҳамин хотир ман аз салоҳиятҳои конститутсионии худ истифода бурдам. Мо ният надорем ба бахши сиёсии ҳокимият тағйироти куллӣ ворид кунем. Бо назардошти зарурӣ ва муҳим будани тасмими мазкур барои кишвар ва мардум, ман қарор кардам, ки порлумон ба Конститутсия тағйирот ворид кунад", - афзудааст Назарбоев.

Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, ба 23 моддаи Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид мешавад. Назарбоев мегӯяд, натиҷаи иловаҳо ва тағйирот ин мешавад, ки "қисме аз салоҳиятҳои президент ба шохаҳои дигари ҳокимият тақсим мегардад". "Шумо медонед, ки дар дигар кишварҳо назарпурсиҳо барои бештар кардани салоҳиятҳои роҳбари давлат анҷом мешавад. Дар кишвари мо баръакс аст. Зеро дар давоми 25 сол шакли президентии идораи давлат вазифа ва ҳадафҳояшро ба иҷро расонид", - илова кард Назарбоев.

XS
SM
MD
LG