Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кремл дидгоҳи ИМА-ро дар робита ба Маскав "сабурона" интизор аст"


Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков

Русия гуфт, ки дидгоҳи ояндаи сиёсати Вашингтонро дар робита ба Маскав "сабурона" интизор мешавад. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи 1 март ба хабарнигорон гуфт, Кремл "аз президент Трамп изҳороти мухталиф мешунавад".

Ӯ афзуд, "мо сабурона интизор ҳастем, ки ба дунболи изҳорот ягон амал сурат бигирад ва ба мо аломат бидиҳад, ки дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба самтгириамон чигуна бошад."

Шарҳи Песков як рӯз баъд аз суханронии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар ҷаласаи муштараки Конгресси ИМА оид ба барномаҳои маъмурияти ӯ пахш шуд. Трамп дар сӯҳбатҳояш аз Русия ном набурд.

Аммо ӯ бо ишора ба ваъдаҳои пешазинтихоботияш, яъне эҷоди равобити самимӣ бо Маскав гуфт, ки "Амрико алоқаманди пайдо кардани дӯстони нав ва эҷоди ҳамкориҳои ҷадид аст, ки дар он манфиатҳо баҳам меоянд". Дмитрий Песков гуфт, Кремл аз инки Трамп дар суханрониаш аз Русия махсус ном набурд, тааҷҷуб накард.

"Трамп президенти Иёлоти Муттаҳида аст ва табъан ба масоили Амрико тавҷҷӯҳ мекунад, ҳамон тавр ки дар мо Президент Путин ба корҳои Русия машғул аст. Ин комилан табиӣ аст",- гуфт сухангӯи Кремл.

XS
SM
MD
LG