Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар як соли гузашта содироти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба он кишвар расман кам шудааст. Барои мисол, кишоварзони вилояти Суғд дар соли гузашта ба Русия 132 ҳазор тонна меваю сабзавот фиристодаанд, ки дар муқоиса ба як соле қабл 21 ҳазор тонна камтар будааст.
Михаил Кораблин – намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон – рӯзи 28 феврал дар ҳамоиши тоҷирони тоҷику рус дар шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) гуфт, ки ҳоло қисми зиёди меваву сабзавоти Тоҷикистон ба Русия тавассути кишварҳои севум, ба мисли Қирғизистону Қазоқистон, содир мешаванд. Ӯ гуфт, "дар соли гузашта содироти меваю сабзавот аз Қирғизистон ба Русия назар ба соле қабл 38 баробар зиёд шуд. Онҳо ҳамаи меваю сабзавотро чун моли худ муаррифӣ мекунанд, вале мо медонем, ки қисми бештари он аз Тоҷикистон аст."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ҳамоиши тоҷирони тоҷику рус соли дувум аст, ки дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад. Имсол дар ин ҳамоиш 150 нафар иштирок дошта, ҳадафаш бартараф кардани мушкили содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Русия унвон шуд. Хайрулло Бобозода, сардори идораи кишоварзии вилояти Суғд гуфт, "роҳҳои ҳалли ин мушкилро ҷустуҷӯ дорем ва чораҳо меандешем, то ба тоҷирону соҳибкорони ватанӣ имтиёз дода шавад. То онҳо бидуни мушкил меваву сабзавотро мустақим аз Тоҷикистон ба Русия интиқол диҳанд."
Тоҷирони тоҷик мегӯянд, интиқоли 60 тонна бор тавассути роҳи оҳан аз Хуҷанд то Русия беш аз 30 ҳазор доллари амрикоист, ки на ҳар ширкати хурд тавони бардошти ин хароҷотро дорад. Вале интиқоли он тавассути Қирғизистон ба маротиб арзон будааст.
Рустам Азимов, як масъули кооперативи истеҳсолӣ аз ноҳияи Данғара, ки ба Русия меваву сабзавот содир мекунад гуфт, он гапҳое, ки дар инҷо мегӯянд, амалӣ намешаванд. "Масалан, мо дар Тоҷикистон аз ҳама аввал ҳосили гелоси пешпазакро ҷамъ мекунем. Порсол гуфтанд, агар мутобиқи стандарти сифати мо сертификат бигиред, меваатонро мехарем. Мо бо сарфи маблағ сифатнома гирифтем, вале онҳо ваъдаашонро иҷро накарданд. Маҷбур шудем, худамон тавассути тоҷирони хурди маҳаллӣ меваро қисм – қисм ба Русия содир кунем", - таъкид кард ӯ.
Аз тарафи дигар, ба гуфтаи деҳқонон ва тоҷирони тоҷик, арзиши содироти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба Русия гарон аст. Ба ҳайси мисол, интиқоли 60 тонна бор тавассути роҳи оҳан аз Хуҷанд то Русия беш аз 30 ҳазор доллари амрикоист, ки на ҳар ширкати хурд тавони бардошти ин хароҷотро дорад. Вале интиқоли он тавассути Қирғизистон ба маротиб арзон будааст.
Русия аз харидорони аслии меваву сабзавоти Тоҷикистон аст. Дар соли гузашта ҳудуди 10 дар сади меваю сабзавоти мавриди ниёзи ин кишвар ва ба маблағи 1 миллиард рубли русӣ аз Тоҷикистон бурда шудааст.
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сермаҳсул, инсони комил ва хирадманд, шахси хоксор ва баобруйро бо зӯдрӯзашон табрик мекунам. Орзумандам,ки на танҳо саломатии ҷисмонӣ, боз инчунин саломатии фитрияшон ҳамеша мисли ҳозир пойдор бошанд, умри бобаракаташон ҳамеша дар иҳотаи аҳли илму адаб гузарад ва осори заҳмати зиёда аз нимасриашон ва баъдина эҷод мекардаашон ба асрҳо дастрас ва манбаъи омӯзиши толибилмон боқӣ монад.
Ин амали куҳна ҳаст дар ҳукумати амрико дар оғози кор трамп ҳам мушукҳои (тамагафка) партоб карда буд ба Сурия як пойгоҳи низоми. Ин амалҳоро вақташон гузашт. Қудрати инҳоро мо бо Толибон дидем 20сол натиҷа Қатар Доха.
Ба шумо барори кор мехохем ва осмони софу бехубор.зинда бошед курбони Алимардон
Ин мардуми киргиз тамоман рохгум задааст!!!
Ба гайр аз Хитой дигар давлата нестми конро кобад ин Хитой хамачоя сохиб шудайку.