Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон дастикам 16 нафарро дар Кобул куштанд. ВИДЕО


Афғонистон - Ходимони пулиси Афғонистон ба макони таркиш дар Кобул мераванд. 1 марти соли 2017.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар пайи ҳуҷуми ду ҳамлагари интиҳорӣ дар Кобул, ки масъулияти онро Толибон бар дӯш гирифт, 16 нафар кушта ва 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи Наҷиб Дониш, муовини сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, ҳамчун як бахши ҳуҷуми ҳамоҳангшуда як ҳамлагари интиҳорӣ рӯзи 1 март даромадгоҳи идораи ноҳиявии пулис дар ғарби Кобулро ҳадаф қарор дод. Ба гуфтаи ӯ, дар байни пулис ва ҳуҷумкунандаҳо, ки теъдодашон маълум набуд, даргирӣ ҷараён гирифт.

Ба гуфтаи Наҷиб Дониш, ҳамлагари интиҳории дувум биноеро дар шарқи Кобул ҳадаф қарор дод, ки ба хадамоти истихбороти миллӣ тааллуқ дорад. Дар ин ҳамла ду нафар маҷрӯҳ шуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон масъулияти хушунатҳои ҷориро аз номи ин гурӯҳ бар дӯш гирифт.

Толибон, ки баъди ронда шудан аз қудрат бо кумаки нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар соли 2001, мехоҳанд, ҳукуматро дубора ба даст бигиранд ва ҳар сол дар ин марҳила ҳамлаҳои баҳорӣ эълон мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG