Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов ба рақиби худ дар интихобот вазифаи нав дод


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рақиби худ Мақсад Аннанепесовро, ки дар интихоботи президентии 12 феврал ҷойи дувумро гирифт, раиси Иттиҳодияи давлатии саноати хӯроквории кишвар таъйин кард.

То ширкат дар интихобот Аннанепесов муовини раиси ҳамин ниҳод буд. Номзадии ӯро гурӯҳи шаҳрвандон пешбарӣ карданд. Бо касби 1,02 дарсади раъйи интихобкунандагон Аннанепесов пас аз раисиҷумҳури амалкунанда Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки 97,69 дарсад овоз гирифт, дар феҳрасти натиҷаҳои 9 номзад мақоми дувумро ба даст овард.

Ҳафт номзади дигар, каме аз 1 дарсад бештар овоз гирифтанд. Дар бораи ояндаи кори онҳо чизе маълум нест, вале дар гузоришҳо ҳадс зада мешавад, ки онҳо низ ба вазифаҳои нав таъйин хоҳанд гашт.

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG