Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп Обамаро ба ташкили эътирозҳои сиёсӣ муттаҳам намуд


ИМА - Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи солонаи Иттиҳоди сиёсатмадорони муҳфизакори Амрико. 24 феврали соли 2017.

Раиси ҷуҳмури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки ба назарии ӯ дар паси баъзе эътирозҳои зидди ҷумҳурихоҳон дар саросари кишвар, президенти собиқ Барак Обама қарор дорад.

Трамп дар сӯҳбати телевизионии рӯзи 28 феврал бо шабакаи FoxNews, чанд соат пеш аз суханрониаш дар ҷалсаи муштараки Конгресс, ба суол дар бораи эътирозҳо гуфт, " ба назари ман Обама дар паси ин (эътирозҳо) меистад, зеро одамони ӯ яқин дар паси ин қарор доранд."

Дар ҷараёни мусоҳиба, раиси ҷумҳур раванди берун шудани маълумоти маҳрамона аз Кохи Сафедро рад кард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи матбуоти Амрико ҷузъиёти баъзе сӯҳбатҳо аз Кохи Сафед берун омадааст ва сухангӯи Трамп, Шон Сапйсер аз ин нороҳат аст.

Трамп ба FoxNews гуфт, ки афроди вафодори Обама дар пахши маълумоти маҳрамонаи Кохи Сафед даст доранд. Трамп ҳамчунин эътироф кард, ки "ин сиёсат аст ва дар паси ин корҳо қарор доштани ӯ низ сиёсат аст ва ин эҳтимолан идома мекунад."

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG