Пайвандҳои дастрасӣ

Бозигари машҳӯри ҳокейи Шӯрави Владимир Петров даргузашт


Русия - Бозигари машҳӯри ҳокей Владимир Петров ҳангоми тамошои бозии ЦСКА дар майдони Маскав.11 сентяри соли 2015.

Бозигари машҳӯри ҳокейи Шӯрави Владимир Петров дар синни 69 солагӣ аз дунё даргузашт.

Петров субҳи 28 феврал дар яке аз бемористонҳои Маскав бо ҷаҳон падруд гуфт.

Узви собиқи тими ӯ Борис Михайлов гуфт, ки Петров аз бемории саратон ранҷ мебурд.

Петров якҷо бо Михайлов ва Валерий Харламов дар солҳои 70-ум аз беҳтарин ҳамлагарони тими ҳокейи Шӯравӣ номбар мешуданд.

Владимир Петров узви тими мунтахаби Шӯравӣ буд, ки ду медали Бозиҳои Олимпиро дар солҳои 1972 ва 1976 ва нуҳ бозии ҷаҳониро буридааст.

Владимир Петров, чаҳорумин бозигари беҳтарин дар бозиҳои Қарамонии Ҷаҳон, соли 1983 аз ҳокей канор рафт ва бознишаста шуд.

Дар миёнаи солҳои 90-ум Петров президенти Федератсиюни ҳокейи Русия буд.

Соли 2006 номи ӯ дар Толори Шарафи Федартсиюни ҳокейи байналмилалӣ ҷовидона шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG