Пайвандҳои дастрасӣ

Академияи синамои ИМА барои иштибоҳ дар тақдими "Оскар" узр пурсид


ИМА - Пушти саҳнаи 89-умин маросими тақдими ҷойизаи "Оскар". Ҳолливуд, Калифорния, 26 феврали соли 2017.

Академияи синамои Амрико барои иштибоҳе, ки дар натиҷаи он филми мусиқии "Ла-Ла-Ленд" дар бахши "филми беҳтарин" ғолиб эълон шуд, расман маъзарат хост.

Дар баёнияи хабарии ин ниҳод гуфта мешавад, ки иштибоҳ бо гуноҳи ширкати "PricewaterhouseCoopers" рух дод, ки райъдиҳиро натиҷагирӣ мекард. Академияи синамо зарофати филми "Ла-Ла-Ленд"-ро ситоиш кард, аммо тандиси тиллоиро ба филми "Моҳтоб" дод.

Таҳиягарони маросим ҳамчунин аз ҳунармандон Уоррен Битти ва Фей Данауэн маъзарат хостанд, ки ҷоизаи "Оскар"-ро ба филмҳои баранда тақдим мекарданд.

Маросими тақдими ҷойизаҳои Академияи синамои ИМА шоми 26 феврал дар Лос-Анҷелес баргузор шуд. "Ла-Ла-Ленд"-и Дэмен Шазелл дар шаш бахш "Оскар" гирифт. Драммаи "Моҳтоб"-и Барри Ҷенкинс филми беҳтарин эътироф шуд ва дар ду бахши дигар низ ҷойиза гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG