Пайвандҳои дастрасӣ

Як зан, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот дода шуд


Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як зани 28-солаи сокини шаҳри Бӯстонро (Чкаловски пешин), ки худро ба дарё андохта буд, наҷот доданд. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯз 28 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса субҳи рӯзи гузашта рух дод ва ин ҷавонзан худро аз болои кӯпрук ба Сирдарё андохт. Ба гуфтаи манбаъ, кормандони ин ниҳод пас аз дарёфти хабар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда ва дар муддати кӯтоҳ ин занро аз дарё берун оварданд. Ба гуфтаи Умеда Юсуфова, кормандони ин ниҳод ба ин зан ёрии аввалияи тиббӣ расониданд ва ҳоло саломатии ӯ мӯътадил гуфта мешавад.

Ҳодисаҳои худкушӣ дар миёни занон дар Тоҷикистон нав нест. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз духтари 18-сола дар маҳаллаи 46-и пойтахт худро ба дарёи Душанбе андохт. Ҷасади ӯро як рӯз баъд пайдо карданд.

Дар соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст. Ба ин иқдом 159 мард, 168 зан ва 55 ноболиғ даст задаанд. Бархе аз занҳо ва бонуҳо андохтани худ ба рӯдхонаро роҳи худкушӣ интихоб мекунанд.

Ваҳшатноктарин ҳодиса - худкушии Зӯҳро Маҳмуродова, сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак расо 1 сол пеш буд. Ин зан ҳамроҳ бо 4 фарзанди ноболиғаш рӯзи 5 феврали соли гузашта худро ба дарёи Вахш афканд. Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро таконзада кард. Тафтишот баъдан маълум кард, ки Зӯҳро бо хонаводаи шавҳараш мушкилот доштааст ва сабаби аслии аз зиндагӣ дасту дил шустани ӯ – азият дар хонаводаи ҳамсар будаааст.

Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар аксар ҳолатҳо хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Қурбониён маъмулан худкуширо ҳамчун роҳҳали мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодии худ интихоб мекунанд, ки аз назари фаъолони ҳуқуқи занон, хеле нигаронкунанда аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG