Пайвандҳои дастрасӣ

Аз куштори Борис Немтсов ду сол гузашт


Русия - Борис Немтсов бо шиори озодӣ ба чеҳраҳои мухолифин.

Рӯзи душанбе аз куштори сиёсатмадори шинохтаи рус Борис Немтсов ду сол сипарӣ шуд. Немтсовро 27 феврали соли 2015 дар пули Болшой Москворетский, чанд сад метр дуртар аз Кремлин парронданд.

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Теффт, рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар назди лавҳаи хотираи мардумӣ, дар макони куштори сиёсатмадор, бори дигар аз мақомоти Русия даъват кард, ки қотилро ошкор кунанд ва ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Рӯзи гузашта дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия маъракаҳои ёдбуди Борис Немтсов баргузор шуданд. Раҳпаймоии "Ёдбуди Немтсов" дар пойтахти Русия 15 ҳазор тарафдор ҷамъ кард.

Парвандаи куштори Немтсовро додгоҳи низоми минтақавии Маскав баррасӣ мекунад. Панҷ нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Гурӯҳи тафтишот собиқ афсари вазорати дохилии Чеченистон Руслан Муҳиддиновро фармоишгари куштор арзёбӣ мекунад.

Шарикони Немтсов ба зарурати бозпурсии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров пофишорӣ доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG