Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти фарзанди Муҳаммад Алӣ дар Флорида


Муҳаммад Алӣ ҳамроҳи духтаронаш May May ва Hanna дар Ҳолливуд дар соли 2000-ум

Мақомоти Амрико таъйид карданд, ки писари Муҳаммад Алӣ, муштзани маъруф дар ҷаҳонро пас аз бозгашташ аз Ямайка дастгир кардаанд. Крис Манчини, вакили дифоъ ва дӯсти хонаводагии Муҳаммад Алии хурдӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 25-уми феврал дар фурудгоҳи Лайдерлейи аёлати Флорида ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи Крис Манчини, Муҳаммад Алии 44-соларо ҳангоми тафтиш дар гузаргоҳи марзӣ аз модараш Халила Камачо Алӣ ҷудо кардаанд. Баъд аз онки модараш акси худ ва Муҳаммад Алиро ба маъмурони посгоҳ нишон додааст, ба ӯ иҷоза додаанд, аз посгоҳ гузарад.

Муҳаммад Алӣ моҳи июни соли 2016 даргузашт.
Муҳаммад Алӣ моҳи июни соли 2016 даргузашт.

Ба қавли Манчини, азбаски Муҳаммад Алии хурдӣ, ки дар Филаделфия ба дунё омада ва шаҳрванди Амрикост, аксе аз худу падарашро надоштааст, маъмурони идораи муҳоҷират ӯро дастгир кардаанд. Ин маъмурон аз писари муштзани маъруф пурсидаанд, ки чӣ гуна ин номро гирифт ва оё мусулмон аст.

Ба қавли Крис Манчини, Муҳаммад Алии хурдӣ ду соат дар боздошт будааст ва ба маъмурони идораи муҳоҷират гуфтааст, ки дар воқеъ мусулмон аст.

Рӯзномаи Courier-Journal навиштааст, ки Даниел Ҳетлейҷ, сухангӯи Идораи гумрук ва марзбонии Амрико боздошти Муҳаммад Алии хурдиро таъйид карда ва гуфтааст, ки сабаби боздошти ӯ динаш набуд. Ӯ бо зикри сиёсати махфӣ нигаҳ доштани ҳуввияти мусофирон, аз додани ҷузъиёт дар бораи ҳодиса худдорӣ кардааст.

Даниел Ҳетлейҷ бо ирсоли номаи электронӣ ба рӯзнома навиштааст, ки Идораи гумрук ва марзбонии Амрико нисбат ба касе бо назардошти мазҳаб, нажод, қавм ва ҷинсаш табъиз раво намебинад.

Муҳаммад Алӣ, яке аз муштзанҳои маъруф дар ҷаҳон, ки соли 2005 Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико ба ӯ Нишони Озодиро тақдим кардааст, моҳи июни соли 2016 дар синни 74-солагӣ даргузашт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG