Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши бомба даҳҳо нафарро дар шаҳри Ал-Боб қурбон кард


Сурия - Мухолифини мусаллаҳ пеш аз ҳамла ба шаҳри Ал-Боб, 30 километрии Ҳалаб, мавқеъ мегиранд. 22 феврали соли 2017.

Дар натиҷаи таркиши мошини бомбагузоришуда дастикам 40 нафар дар шаҳри Ал-Боб, воқеъ дар шимоли Сурия кушта шуд. Таркиш дар постгоҳи таҳти назорати мухолифини Сурия рух дод. Аксари қурбониҳо мардуми осоишта буданд.

Шоҳидони маҳаллӣ ва гурӯҳи ҳуқуқи башари Сурия рӯзи 24 феврал гуфтанд, ки инфиҷор дар рустои Сосиён ба вуқӯъ пайваста, аз аҳли деҳкада 35 нафар ва аз ҷангиёни мухолифини рӯ ба Туркия дастикам панҷ нафар кушта шуд.

Масъулияти ин ҳамларо ҳол кадом гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Аммо рӯзи гузашта ҷангиёни мухолифин гуфтанд, ки шаҳри Ал-Бобро аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бозпас гирифтанд.

Деҳкадаи Сосиён дар 8 километрии Ал-Боб қарор дорад.

Ал-Боб аз истеҳкомҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳисоб мешуд. Ҳамла барои бозпас гирифтани шаҳр моҳи декабр оғоз шуд.

Туркия амалиёти худро барои дур кардани ҷангиёни "Давлати Исломӣ" аз марзҳояш бо Сурия моҳи август оғоз кард.

Хабаргузории давлатии Анадолу гуфт, ки аз оғози амалиёт 1,900 километри квадратӣ дар имтитоди марзи Сурия аз ҷангиёни ДИИШ озод карда шуд.

Мухолифини мусаллаҳи Сурия, бо пуштибонии Туркия акнун мехоҳанд Раққаро бозпас бигиранд, ки ба гунае пойтахти гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" арзёбӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG