Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Фарғона талафоти ҷонӣ дар пай доштааст


Таркиш дар корхонаи кимиёвии "Фарғонаазот" дар шаҳри Фарғонаи Узбакистон талафоти ҷонӣ дар пай доштааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон дар баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳодиса соати чаҳоруними бегоҳи 23 феврал, ҳангоми корҳои сохтмониву васлкунӣ дар сехи истеҳсоли амиак, рух додааст. Ҷузъиёти дигари ҳодиса ва теъдоди қурбониҳову захмиён маълум нест. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон гуфт, феълан барои таҳқиқи сабабҳои таркиш ва кумак ба хонаводаи қурбониён як комиссияи давлатӣ таъсис шудааст. Корхонаи "Фарғонаазот"-ро соли 1962 ба истифода додаанд.

Видеоҳои охирин

Чаро қимати тарбуз дар Тоҷикистон парвоз кард?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:21 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG