Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия аз боздошти даҳҳо ҷангҷӯи ДИИШ хабар дод


Ироқ - Ҷангҷӯи содиқ ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" парчами ДИИШ-ро боло кардааст. Раққа, моҳи июли соли 2014.

Туркия гуфт, ки дар пайи силсилаи "рейд"-ҳо дар Истанбул, 35 нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" боздошт кард. Пулис рӯзи 22 феврал дар пойтахти кишвар 41 "рейд" гузаронд ва ба гуфтаи матбуоти Туркия, санад ва маводеро мусодира кард, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ марбут буданд.

Дар бораи ҳуввияти боздоштшудаҳо маълумот пахш нашудааст.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба пиёда кардани дастикам 6 амали террористӣ алайҳи мардуми мулкии Туркия дар ду соли ахир гунаҳкор шудааст.

Ҳаводори ДИИШ, Абдулқодир Машарипов, шаби соли нав бо ҳамлаи мусаллаҳона ба клуби шабонаи Рейна дар Истанбул, 39 нафарро кушта ба ҷо гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG