Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз Туркия шарҳи "баҳам задани вазъи Ховари Миёна"-ро талаб дорад


Прачамҳои Эрон ва Туркия

Эрон рӯзи 20 феврал дар посух ба иттиҳоме, ки Ҷумҳурии Исломӣ фирқагароиро таблиғ мекунад ва авзои минтақаро баҳам мезанад, аз сафири Туркия дар Теҳрон шарҳ талаб кард.

Эрони шиамазҳаб бо ҳукумати Ироқ, ки ба онҳо шиаҳо раҳбарӣ мекунанд ва ҳукумати президент Башор Асад робитаи наздик дорад, дар ҳоле ки Туркияи асосан суннимазҳаб тарафдори шӯришгарони суннии мухолифи ҳукумати Сурия аст.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи 19 феврал дар нишасти амниятии Мюнхен гуфт, Эрон мехоҳад Ироқу Сурияро шиамазҳаб кунад. Ӯ гуфт, ки Туркия мухолифи ингуна фирқагароӣ дар Ховари Миёна аст ва аз Эрон даъват мекунад, таҳдид ба эътидолу амнияти минтақаро бас кунад.

"Мо дар баробари мавқеи онҳо аз таҳаммул кор мегирем, аммо косаи таҳаммул низ андозаи муайян дорад", - гуфт Баҳром Қосимӣ, намояндаи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳангоми даъвати сафири Анқара Ҳакан Текин.

Дар посух ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Туркия гуфт, ки Эрон бояд сиёсати минтақавиашро бознигарӣ кунад ва ба гуфтаи вазири хориҷии Туркия, Биналӣ Йилдрим, "барои қатъи талошҳои густариш додани "минтақаи нуфӯз" қадамҳои созанда бардорад.

Аммо ноиби нахуствазири Туркия Нуъмон Қуртулмуш бештар бо лаҳни мусолиматомез гуфт, ки Эрону Туркия давлатҳои бо ҳам дӯст ҳастанд ва иқтилофҳои сиёсии ахир набояд "калон карда шаванд".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG