Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров: "Иддаои сӯиқасд cохта аст"


Сергей Лавров зимни суханронӣ дар Конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон дар рӯзи 17-уми феврал.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ин иттиҳомро, ки Маскав дар тарҳи нокоми сӯиқасд ба ҷони нахуствазири Монтенегро ва ё Черногория ва сарнагун кардани ҳукумати ғарбгарои ӯ даст дорад, “беасос” хонд.

Ӯ дар ин бора рӯзи 20 феврал сӯҳбат кард. Пеш аз ин матбуоти Британия бо такя ба иддаои хадамоти истихборотии ин кишвар навишт, “Маскав аз ин тарҳ пуштибонӣ карда ба он “дуои хайр” дод, то алайҳи нахуствазир Мило Ҷуканович сӯиқасд сурат бигирад ва барномаи ҳукумати ӯ барои узвият ба НАТО-ро баҳам бизанад.” Лавров ин гузоришро “сохта” унвон кард.

Ӯ бо ишора ба Александр Литвиненко, корманди собиқи КГБ ва мунаққиди Путин, ки бо истифода аз заҳри радиоактив кушта шуд, гуфт, “бори аввал нест, ки матбуоти Британия аз ҳаво гузориш месозад.” Сухангӯи раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи 20 феврал гузориш дар бораи Черногорияро “бемсаъулиятона” хонд ва гуфт, ки он ягон далели мушаххас надорад.

Мило Дуканович, нахуствазири Черногория
Мило Дуканович, нахуствазири Черногория

Аммо додситони махсуси Монтенегро, Миливой Катнич ба шабакаи телевизионии кишвараш гуфт, ки “мақомоти давлатии сатҳи муайяни Русия дар ин тарҳ даст доштаанд.” Катрич гуфт, як нафар, ки дар заминаи тарҳи сӯиқасд ба ҷони нахуствазир боздошт шуд, шаҳрванди Русия ва агенти хадамоти махфӣ Эдуард Шишмаков аст, ки як замон ноиби атташеи низомӣ дар Лаҳистон буд. Сафири Русия дар Подгоритса гуфт, ки ӯ дар робита ба иттиҳом ягон таҳқиқоти расмӣ нагирифтааст.

Нашрияи “Sunday Telegraph-и Лондон рӯзи ҷумъа 17-уми феврал бо такя ба гуфтаи як мақоми ҳукумати Британия навишт, ки “табаддулоти тарҳрезишуда яке аз намунаҳои берӯёнаи дахолати Русия ба умури Ғарб аст.”

Гуфта мешавад, ки вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон ва котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон ин мавзӯъро рӯзи 15 феврал дар ҳошияи нишасти G20 дар шаҳри Бонни Олмон матраҳ карданд.

Ҳудудан 20 нафар, бо шумули Шишмаков, як шаҳрванди дигари Русия ва як идда русгароҳои Сербистон моҳи октябр дар робита ба тарҳи табаддулоти давлатӣ ва сӯиқасд ба ҷони нахуствазир Ҷуканович боздошт шуданд.

Рӯзи 15 феврал, порлумони Монтенегро дар заминаи гумони даст доштан дар тарҳи сӯиқасд ба ҷони нахуствазир, масунияти ду раҳбари мухолифин аз Ҷабҳаи Демократӣ, як ташаккули сиёсии рӯ ба Русияро лағв кард.

Ивича Станкович
Ивича Станкович

Аммо Додситони давлатии Монтенегро Ивича Станкович бегоҳи рӯзи ҷумъа бо судури амри махсус ҳукми боздошти ду раҳбари мухолифин – Андрия Мандич ва Милан Кнезевичро номумкин кард. Ин иқдом ба хотири коҳиши ташаннуҷ дар ин кишвари тақсимшуда гирифта шуд ва Станкович гуфт, ки зарурати зиндонӣ шудани ин ду нафар ба сифати гумонбар дар миён нест.

Қаблан додситони махсус Миливой Катнич ҳукми боздошти Мандич ва Кнезевичро бо иттиҳоми “амалҳои зидди Қонуни асосӣ, тартибот ва амнияти Монтенегро” содир кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG