Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари ронандаи фавтидаи қирғиз алайҳи сафорати Русия шикоят мебарад


Ҳамсари як ронандаи қирғиз, ки дар садамаи нақлиётӣ бо ширкати дипломати рус ҷон бохт, гуфтааст, ки алайҳи сафорати Русия дар Бишкек ба додгоҳ шикоят мебарад. Нелли Лексина иддаои расонаҳои давлатии Қирғизистон дар мавриди тасаллияти Сафорати Русия ба хонаводаи онҳо ва ҳамчунин пардохти хароҷоти маросими дафни шавҳараш Алексей Лексин аз сӯи намояндагии дипломатии Маскавро, такзиб кард. Ӯ рӯзи 20 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафорати Русия ҳеҷ гуна таъзия баён накардааст ва ҳамаи хароҷоти маросими дафн аз сӯи ҳамкорони шавҳараш пардохт шуданд.

Рӯзи 16 феврал худрави навъи "Toyota Land Cruiser Prado"-и мутааллиқ ба сафорати Русия дар шаҳри Бишкек ба мошини навъи "Mercedes Sprinter"-и Алексей Лексин бархӯрд. Лексин ҳини интиқол ба бемористон дар роҳ ҷон дод. Сухангӯи сафорати Русия дар Бишкек Даря Пахомова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ронанда дипломати рус Виктор Пухов будааст.

Навори ин ҳодиса, ки аз сӯи як ронандаи қирғиз сабт шуда ва рӯзи 16 дар шабакаи Ютуб нашр шудааст, нишон медиҳад, ки чароғак барои пеш аз 5 сония сурх буд, вале корманди сафорати Русия чароғаки сурхи светофорро дар чорроҳа нодида гирифта ва ба ҳаракаташ идома додааст ва ба "Мерседес” бархӯрдааст.

Навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён овард ва сабаб шуд, ки рӯзи 17 феврал вазорати умури хориҷии Қирғизистон кордори сафорати Русия дар Бишкек Алексей Мзареуловро эҳзор намояд. Дипломати рус Пухов дар ҳоли ҳозир бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG