Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Пентагон бо сафари ғайриинтизор ба Бағдод рафт


Ироқ - Раҳбари Пентагон Ҷеймс Маттис бо сафари ғайриинтизор ба Бағдод омад. 20 феврали соли 2017.

Ҷеймс Маттис бо як сафари эълоннашуда вориди Бағдод шуд, ки ҳадафи он ҳамоҳангии талошҳо барои саркубии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" эълон шуд. Сафари раҳбари Пентагон дар ҳоле ҷараён гирифт, ки рӯзи гузашта нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал-Абадӣ марҳилаи нави амалиёти зидди ҷангиёни ДИИШ дар қисмати ғарбии шаҳри Мосулро эълон кард.

Суханони аввали Маттис бояд раҳбарони Ироқро баъди изҳороти Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ, ки кӯмакҳои низомӣ бояд бо нафти Ироқ ҷуброн шавад, ором мекард. Вазири дифои Амрико баробари расидан ба Бағдод гуфт, ИМА "барои он ба Ироқ наомад, ки нафташро бигирад."

Нерӯҳои Ироқ бо кӯмаки ҳамлаҳои ҳавоии Амрико чаҳор моҳ боз барои бозпас гирифтани шаҳри Мосул аз ҷангиёни ДИИШ талош мекунанд. Нерӯҳои Ироқ канораҳои шарқии рудхонаи Даҷларо ишғол карданд, аммо қисмати ғарбии шаҳр ҳанӯз дар дасти ДИИШ аст.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми июли соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG