Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прибус хабарҳо дар бораи "тамос бо ҷосусони Русия"-ро рад кард


ИМА - Президенти Амрико Доналд Трамп раҳбари нави маъмурияти Кохи Сафедро барои ба ин мақом таъин шуданаш табрик мекунад. Вашингтон, 22 январи соли 2017.
ИМА - Президенти Амрико Доналд Трамп раҳбари нави маъмурияти Кохи Сафедро барои ба ин мақом таъин шуданаш табрик мекунад. Вашингтон, 22 январи соли 2017.

Раҳбари дастгоҳи Кохи сафед Райнс Прибус мегӯяд, дар бораи тамосҳои кормандони ситоди интихоботии президент Доналд Трамп бо мақомоти махсуси Русия хабар надорад.

Вай дар суҳбат бо телевизиони NBC гуфт, "мо дар бораи ягон тамос бо ҷосусҳои Русия хабар надорем".

Прибус дар робита ба тамоси Майкл Флинн, мушовири пешини президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ бо сафири Русия Сергей Кисляк афзуд, ки ӯ гуфтугӯҳои телефониашро бо ҷониби Москва аз раҳбарият пинҳон мекард.

Раҳбари дастгоҳи Кохи сафед ҳамчунин матлаби 14 феврали "New York Times"-ро шарҳ дод, ки дар он як манбаъ аз мақомоти махсус мегӯяд, тафтиши тамосҳо бо хадамоти иктишофии Русия на танҳо ба Флинн, балки ба атрофиёни дигари Трамп низ рабт дорад. Рӯзи шанбе манбаи хабаргузории Reuters низ ин иттилоъро тасдиқ кард.

Ба иттилои "New York Times", хадамоти иктишофии Амрико суҳбатҳои намояндагони ситоди интихоботии ҷумҳурихоҳонро бо мақомҳои баландпояи хадамоти иктишофӣ ва мансабдорони Русия, ки соли 2016 сурат гирифтаанд, ошкор кардааст. Дар ин бора нашрияи амрикоии Politico ва Би-би-сии Бритониё низ хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG