Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, ба таҳдид "посухи хубе" намедиҳад


Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, кишвараш ба таҳдиду зӯргӯӣ “посухи хубе” намедиҳад ва тарафдори “эҳтироми мутақобила аст.”

Ҳангоми суханронӣ дар Конфронси Амниятии Мюнхен дар Олмон дар рӯзи 19-уми феврал, Муҳаммадҷавод Зариф, таҳримоти тозаи Амрико ва эълони раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар бораи “ихтор ба Эрон” барои озмоиши мушаки балластикиро танқид кард.

“Эрон ба таҳдид посухи хубе намедиҳад, мо ба ҳарфи зӯр посухи хубе намедиҳем, мо ба таҳрим посухи хубе намедиҳем, аммо ба эҳтироми мутақобил посухи хеле хубе медиҳем“ -гуфт, Муҳаммадҷавод Зариф. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин гуфт, ки гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар Сурия силоҳи кимиёвӣ дар ихтиёр дорад ва “ин аслиҳа набояд аз чашми ҷаҳониён пинҳон бимонад. “ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зидди 18 мақоми ҳукумати Сурия таҳримот эъмол кард ва баъд аз онки таҳқиқи байналмилалӣ маълум кард, нерӯҳои ҳукуматии Сурия ба зидди мардуми осоишта аз гази хлор истифода бурдаанд.

Русия ва Эрон ду ҳомии асосии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд. Дар ҷанги дохилии 6 сола дар ин кишвар то кунун 300 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафари дигар бехонумон шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG