Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири Фаронса амали Русияро ғайриқобили қабул номид


Жан Марк Айро дар нишасти порлумони Фаронса.

Вазири умури хориҷии Фаронса Русияро ба рахнагирии шабакаҳои кишвараш муттаҳам карда ва гуфтааст, ки ин амалҳо “ғайриқобили қабул” аст. Жан Марк Айро дар мусоҳиба бо рӯзномаи Диманш рӯзи 19-уми феврал гуфтааст, ки ҳадафи ҳамлаҳо таъсир гузоштан ба интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса будааст. Ҳадафи аслӣ ҳам ба гуфтаи ӯ, Эммануел Макрон номзади тарафдори Иттиҳодияи Аврупо буд.

Ба қавли Жан Марк Айро, мавзеъгирии ду номзади дигар Мари Ли Пен, номзади ростгаро ва Франсуа Филлон, номзади муҳофизакор мухолиф ба Иттиҳодияи Аврупост, ки ба Маскав хуш меояд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки моҳи сентябр дар интихобот ширкат мекунад, ҳушдор додааст, ки шояд Русия барои таъсир гузоштан дар интихобот талош кунад.

Иддаоҳо дар бораи мудохилаи Русия ба интихоботҳои Аврупо дар ҳолест, ки баҳс сари таъсир гузоштани Русия ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 хомӯш нашудааст. Вазири умури хориҷии Фаронса гуфтааст, баъди ончӣ ки дар Амрико шуд, Фаронса бояд тамоми чораҳоро барои таъмини шаффофияту дурустии интихобот биандешад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG