Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот бо талаби истеъфои ҳукумати Албания


Лулзим Баша, раиси Ҳизби демократ кори ҳукумати Албанияро танқид мекунад.

Ҳазорон нафар аз мардуми Албания рӯзи 18-уми феврал дар шаҳри Тирана ҷамъ омада ва истеъфои нахуствазирро талаб карданд. Тазоҳургарон, ки бо тақозои Ҳизби демократ, ҳизби мухолифи давлат ба назди ҳукумат омадаанд, мехоҳанд, ҳукумати Эди Рама, нахуствазир ва раиси Ҳизби сотсиал-демократ аз мақомаш биравад ва ба ҷойи он то замони баргузории интихобот ҳукумати муваққат кор кунад.

Лулзим Баша, раиси Ҳизби демократи Албания рӯзи 18-уми феврад ба тазоҳургарон гуфт, “Ҳукумати Рама бояд биравад, вақти сарнагун кардани он фаро расид.” Ба гуфтаи ӯ, сотсиал-демократҳо, Албанияро ба фақру фасод кашидаанд ва мардуми зиёдеро водор ба тарки ин кишвар кардаанд. Мақомот дар бораи теъдоди тазоҳургарон чизе нагуфтаанд.

Афроди эътирозгар ба хайма задан дар назди қароргоҳи ҳукумат шурӯъ кардаанд. Вазири умури дохилии Албания гуфтааст, ки монеи ин кори эътирозгарон нахоҳанд шуд. Ҳафт соли пеш тарафдорони Эди Рама бо тақозои бозшумории натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези порлумонӣ дар Албания дар ҳамин маҳал эътироз карда ва хайма заданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG