Пайвандҳои дастрасӣ

1 миллион кӯдаки муҳтоҷи ёрӣ дар шарқи Украина


Бунёди атфоли Созмони Милали Мутаҳид (ЮНИСЕФ) мегӯяд, ки дар як соли гузашта сафи кӯдакони ниёзманд ба ёриҳои башарӣ дар шарқи Украина ду баробар афзудааст. Ба иттилои созмон, сафи чунин кӯдакон дар ҳоли ҳозир ба як миллион мерасад.

Гузориши тозаи ЮНИСЕФ рӯзи 17 феврал нашр шуд. Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар натиҷаи даргириҳои давомдор дар шарқи Украина бисёре аз хонаводаҳо аз манбаи даромаду дарёфти кумакпулӣ ва дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ маҳрум шуданд. "Ин ҳолати нонамоёни фавқулода аст. Ин бӯҳронест, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон фаромӯш кардаанд", - гуфт Ҷованна Барбарис, намояндаи ЮНИСЕФ дар Украина.

Вай афзуд, кӯдакон дар шарқи Украина се сол боз таҳти таҳдидҳои доимӣ, гӯлӯлаборон ва задухӯрдҳо ба сар мебаранд. "Мактабҳояшон тахриб шудааст ва онҳо маҷбур хонаҳояшонро ҳам тарк кардаанд. Дастрасии онҳо ба гармиву об қатъ шудааст", - таъкид кард Ҷованна Барбарис. Бунёди атфоли Созмони Милал аз тарафҳои даргир дар шарқи Украина хост, ки ҳарчӣ зудтар ба низоъ хотима дода, созишномаи Минск ва ҳуқуқи байналмилалиро риоя кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG