Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи тасаллияти Э.Раҳмон ба сарвазири Покистон.ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи маргбори терористӣ дар як ибодатгоҳ дар шаҳри Сеҳани вилояти Синди Покистон, ба унвони нахуствазири он кишвар Навоз Шариф номаи тасаллиф фиристодааст. Дар ин барқия гуфта мешавад, ки "хабари фоҷиабори таркиши маргталабонаи террористӣ дар ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд, ки муҷиби шаҳодати даҳҳо зоирону мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони кишвар гардидааст, моро ниҳоят андӯҳгин намуд."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамларо маҳкум намуда ва онро амали ғайриинсонӣ хондааст ва ба зарурати идомаи муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризм таъкид кардааст. "Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Покистон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзумандам",-омадааст дар ин нома.

Шоми рӯзи 16 феврал бар асари як ҳамлаи маргталабон дар зиёратгоҳи сӯфиён дар ҷануби Покистон 72 нафар кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст.

Ҳалокати 72 нафар дар таркиши зиёратгоҳи сӯфиён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

XS
SM
MD
LG