Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисони додгоҳҳои Суғду Хатлон дигар шуданд


Дар ниҳодҳои додгоҳии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои президент Эмомалӣ Раҳмон Бахтиёр Оқилзода раиси додгоҳи вилояти Суғд ва Рустам Мирзозода раиси додгоҳи вилояти Хатлон таъйин шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин раисони додгоҳҳои ноҳияҳои Рӯшон, Қубодиён, Вахш, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истиқлол Турсунзода, Ҳисоар ва ҳамчунин раисони додгоҳҳои низомии гарнизонҳои Хатлон ва Душанбе таъин шуданд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 феврал бо ин афрод мулоқот намуда ва аз онҳо "хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии давлат, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати судӣ ва муҳимтар аз ҳама волоияти қонунгузории мамлакатро талаб намуданд."

XS
SM
MD
LG