Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон беш аз 800 зиндониро афв кард.


Раиси ҷуҳмури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммад дар рӯзи интихоботи президентӣ ба мардум дастафшонӣ мекунад. Ишқобод, 12 феврали соли 2017.

Биноба маълумоти матбуоти Туркманистон, раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 828 зиндониро афв кард.

Матбуот аз қавли президент менависад, ки афви ахир ба Рӯзи Парчами кишвар, ки 19 феврал таҷлил мешавад, бахшида шуд.

Биноба ин гузоришҳо Бердимуҳаммадов қонуни афвро "дар пайравӣ аз суннати деринаи наҷиб", дар ҷаласаи муштараки кабинет ва Шӯрои Амнияти Давлатӣ имзо кард.

Раҳбари пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов ин қонунро соле як дафъа дар моҳи муқаддаси Рамазон эълон мекард.

Бердимуҳаммадов - як раҳбари худкомаи Осиёи Марказӣ аст, ки тамоми бахшҳои ҷомеаи Туркманистонро таҳти назорат гирифтааст ва соле чанд дафъа, дар остонаи идҳои давлати зиндониҳоро афв мекунад.

Афви ахир моҳи декабр дар остонаи "Рӯзи бетарафӣ", ки 12 декабр таҷлил мешавад, эълон шуд ва 561 зиндониро аз паси панҷара берун овард.

Чунин афвҳо маъмулан ба зиндониҳое, ки қазияҳояшон ҷамбаи сиёсӣ доранд, пахш намешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG