Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлуда Қаландарзода раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ шуд


Мавлуда Қаландарзода
Мавлуда Қаландарзода

Мавлуда Қаландарзода раиси нави Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шуд. Барои таъини ӯ дар ин мақом аъзои Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон – раъйи мувофиқ доданд. Мавлуда Қаландарзода то кунун узви Маҷлиси Намояндагон буд ва дар мақоми раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ Наим Мансурзодаро иваз кард. Мансурзода ҳафтаи гузашта "ба сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан" аз мақомаш барканор шуда буд. Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, 52 сол дошта, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст. Ӯ дар гузашта дар мақомҳои додраси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳри Хуҷанд ва додгоҳи вилояти Суғд кор карда, аз моҳи марти соли 2015 вакили порлумон буд.

XS
SM
MD
LG