Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардорони ситодҳои ҳарбии ИМА ва Русия мулоқот мекунанд


ИМА - Раҳбари ситоди муштарак Ҷозеф Данфорд ҳангоми посух гуфтан ба суолҳои кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико. Вашингтон, 22 сентябри соли 2016.
ИМА - Раҳбари ситоди муштарак Ҷозеф Данфорд ҳангоми посух гуфтан ба суолҳои кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико. Вашингтон, 22 сентябри соли 2016.

Рӯзи 16 феврал дар Боку дидори раҳбари Кумитаи муштараки раҳбарони ситодҳои артиши Амрико Ҷозеф Данфорд ва сардори Ситоди умумии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов баргузор мешавад.

Ба маълумоти нашрияи Politico ва ба нақл аз Пентагон, сухан аз "манёврҳои таҷовузгаронаи ҳарбии Русия" ва гузоришҳои ахир дар бораи тамосҳои хадамоти ҷосусии Русия бо ёварони Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ хоҳад буд.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати дифои Русия иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот дурнамои ҳамкорӣ дар минтақаҳои бӯҳронии ҷаҳон ва ҳамчунин масъалаҳои пешгирӣ аз тасодуфҳои "марбут ба фаъолияти ҳарбӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

ИМА равобити дуҷонибаи ҳарбиро бо Русия баҳори соли 2014 дар пайванд бо вазъи Украина ва ғасби Қрим қатъ карда буд.

Бори охир сардори Ситоди умумии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва раҳбари Кумитаи муштараки раҳбарони ситодҳои артиши Амрико охири январи соли 2014 дар нишасти гурӯҳи дутарафаи ҳамкориҳои ҳарбӣ дар Брюссел мулоқот карданд. Кори ин гурӯҳ низ бо хости Вашингтон ва дар робита ба рӯйдодҳои Украина қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG