Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари кории президенти Қирғизистон ба Белгия


Қирғизистон - Президент Отамбоев. 21 апрели соли 2015
Қирғизистон - Президент Отамбоев. 21 апрели соли 2015

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар доираи як сафари корӣ 15 феврал озими Белгия шуд.

Дар ҷараёни сафараш Отамбоев бо шоҳи Белгия Филипп, раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск, раиси Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ мулоқот мекунад.

Дар ҳошияи дидору гуфтугӯҳо имзои як қатор санадҳои дуҷониба дар назар аст, ки ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Қирғизистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои асосӣ равона шудаанд.

Президенти Қирғизистон ҳамчунин дар доираи ин сафар аз шаҳри Мюнхени Олмон боздид ва дар конфронс оид ба амният иштирок мекунад.

Дар ҳошияи ҳамоиш Отамбоев бо садри аъзам Ангела Меркел мулоқот карда, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Қирғизистону Олмонро баррасӣ ва дар бораи мавзӯъҳои доғи минтақавию байналмилалӣ табодули назар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG