Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина дар бахши энергетика ҳолати фавқулода эълон кард


Украина дар бахши энергетика ҳолати фавқулода ҷорӣ кард, ки метавонад маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро дар пай дошта бошад. Ин қарор дар ҷаласаи ахири ҳукумати Украина гирифта шуд.

Ҷаласаи мазкур 15 феврал барои чораҳои ҷавобӣ дар робита ба идомаи намоишҳои эътирозӣ баргузор шуд, ки роҳи оҳанро миёни минтақаҳои истихроҷи ангишт дар шарқи Украина ва навоҳии дигар бастаанд.

Вазири энергетикаи Украина Игор Насалюк аз тамоми сокинон ва корхонаҳои саноатии кишвараш даъват кард, ки оҷилан ба сарфаи нерӯи барқ бипардозанд. Ӯ ҳушдор дод, ки агар сарфакориҳо мушкилро ҳал накунанд, эҳтимол аст, ҳукумати Украина дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинон маҳдудият ҷорӣ кунад.

Киев барои дастгирии истгоҳҳои барқияш харидории ангиштро аз вилоятҳои шарқии Украина, ки дар дасти шӯришгарони рӯ ба Русияанд, идома медиҳад.

Ин муносибати тиҷорӣ бо вуҷуди идомаи задухурдҳои мусаллаҳона, ки тайи 34 моҳ ҷони 10 ҳазор одамро рабудаанд, давом дорад. Тазоҳургарон исрор доранд, ки ҳукумати Украина набояд бо ҷудоихоҳон доду гирифт кунад.

XS
SM
MD
LG