Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп матбуотро барои пӯшиши "робита бо Русия" танқид кард


ИМА - Президент Доналд Трамп барои истироҳати охири ҳафта дар Флорида аз Кохи Сафед берун мешавад. 3 феврали соли 2017.
ИМА - Президент Доналд Трамп барои истироҳати охири ҳафта дар Флорида аз Кохи Сафед берун мешавад. 3 феврали соли 2017.

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи 15 феврал дар Твиттер навишт, ки "Қрим дар аҳди маъмурияти Барак Обама ишғол шуд ва афзӯд: "Оё мавқеи Обама дар муқобили Русия бисёр нарм набуд?".

Дар як қатор пайғомҳои твиттерӣ, баъди дӯ рӯзи даъват ва қабули истеъфои Майкл Флин, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, ки дар пайи ошкор шудани робитаҳояш бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк аз мақом барканор шуд, Трамп ба матбуот ҳамла кард.

"Матбуоти тақаллубкор бо назариҳои тавтеасоз ва бадбинии кӯрона девона мешавад",- навишт Трам дар Твиттер. ""Робита бо Русия" як ҳарза ва талоши пинҳон кардани иштибоҳҳои зиёди нокомии маъракаи Ҳиллари Клинтон аст."

Пайғоми Доналд Трамп ба думболи гузориши The New York Times пахш шуд, ки бо такя ба мақоми собиқи ИМА гуфт, ки аъзои тими Трамп ва шариконаш як моҳ пеш аз интихоботи моҳи ноябри соли 2016, бо мақомоти истихбороти Русия дар тамос буданд.

Русия Қримро моҳи марти соли 2014, баъди интиқоли нерӯ ва ташкили референдум ишғол кард. Ин амали Русияро Ийолоти Муттаҳида ва дар маҷмӯъ 100 кишвар дар Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид, маҳкум карданд.

Сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер рӯзи 14 феврал гуфт, Трамп "возеҳ кардааст", ки Русияро баъди бозгардонидани Қрим ва хатми зӯроварӣ дар шарқи Украина қабул мекунад. Дар натиҷаи даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рӯ ба Русия, аз моҳи апрели соли 2014 беш аз 9 ҳазор нафар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG