Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду заминларза дар Тоҷикистон - дар шарқ ва шимол


Як заминларзаи тақрибан 5-дараҷаӣ нисфирӯзи 15 феврал минтақаҳои марказӣ ва шарқи Тоҷикистонро низ такон дод. Ниҳоди зилзилашиносии Амрико маркази ин заминларзаро 102-километрии ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон, наздик ба Кӯли Сарез, гуфтааст. Ба қавли манбаъ, нерӯи ин зилзила дар маркази он ба 4,7 дараҷаи Рихтер баробар будааст. Масъулони ноҳияи Мурғоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зилзила хисороте дар пай надошт. Мақомоти зилзиланигории Тоҷикистон дараҷаи ин заминларзаро дар Душанбе ду бал гуфтанд. Барои бори дувум аст, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон зилзила рух медиҳад. Шоми гузашта дар шимоли Тоҷиистон заминларзаи 4-дараҷаӣ рух дод. Ба гуфтаи масъулони Пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии Тоҷикистон заминларза соати 19:46-и рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он дар 214-километрии шимоли Душанбе ҷойгир шуда буд.

XS
SM
MD
LG