Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар раҳпаймоӣ дар Лоҳур 10 нафарро кушт


Пулис дар маҳалли таркиш.
Пулис дар маҳалли таркиш.

Дар натиҷаи таркиши азиме дар назди як раҳпаймоӣ дар шаҳри Лоҳури Покистон камаш 10 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, рӯзи 13-уми феврал зимни тазоҳурот дар назди маҷлиси шаҳрӣ фарди ношиносе мотосиклашро ба самти издиҳоми садҳо нафар аз дорусозон равон кардааст.

Ин тазоҳургарон ба зидди қонуне дар бораи фурӯши доруҳо эътироз доштанд. Ҷамоат-ул-Аҳрор, як шохаи Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Дар вокуниш ба ин ҳамла, Навоз Шариф, нахуствазири Покистон гуфт, кишвараш “мубориза бо ифротгароиро идома хоҳад дод.” Ҷамоат-ул Аҳрор ҳамчунин масъулияти бомбгузорӣ дар рӯзи Иди Фусҳо дар соли гузаштаро бар дӯш гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамла 70 нафар дар як боғ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG