Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон таҷлили Рузи Валентинро манъ кард


Италия - Рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон, ки дар саросари олам таҷлил мешавад.
Италия - Рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон, ки дар саросари олам таҷлил мешавад.

Додгоҳи Покистон таҷлили Рӯзи Валентин ё ҷашни ошиқонро дар маконҳои ҷамъиятии саросари кишвар мамнӯъ кард.

Додгоҳи Олии Исломобод ҳамчунин ба матбуот дастур дод, ки дар робита ба ин рӯз матолиб нашр накунанд.

Маҷид Бҳатти, ҳуқуқшиноси Додгоҳи Олӣ таъид кард, ки ин амр ба саросари кишвар дахл дорад.

Бар пояи ин амр, аз пахши барномаҳои вежаи марбут ба Рӯзи Валентин дар шабакаҳои телевизиони хусусӣ ҷилавгирӣ мешавад.

Рӯзи Валентин дар Покистон вокунишҳои мухталиф, аммо аксаран мухолифи ин рӯзро дорад. Мардум дар ин робита ба таълимоти мазҳабӣ такя мекунанд.

Президент Мамнун Ҳусайн соли гузашта аз мардум даъват кард, ки Рӯзи Валентинро ҷашн нагиранд, зеро ин на суннати мусалмонҳо балки моли Ғарб аст.

"Рӯзи Валентин ҳеҷ рабте ба фарҳанги мо надорад ва аз он бояд канор рафт - гуфта буд Мамнун Ҳусайн.

XS
SM
MD
LG