Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси саҳнаи куштори сафири Русия ҷоизаи солро гирифт


Куштори сафири Русия дар Анқара. World Press Photo Awards 2017-ро Бурҳон Озбиличӣ, аккоси Ассошейтед Пресс дарёфт кард.

Ҷоизаи аслии сабқати World Press Photo- ро аккоси Associated Press Бурҳон Озбиличӣ барои акси саҳнаи куштори сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов, дарёфт кард.

Сафир 19 декабри соли 2016 дар намоишгоҳи Анқара кушта шуд. Қотили ӯ корманди пулис Мавлуд Олтинтош буд.

Ҳамла ба Андрей Карлов дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ дар ифтитоҳи намоишгоҳи "Русия аз нигоҳи туркҳо" сӯҳбат мекард, ки бо ибтикори сафорати Русия ташкил шуд.

Ҳамлагар дар саҳнаи куштор аз тири пулис ба ҳалокат расид. Сафири Русия бар асари захмҳои бардошта аз дунё гузашт.

Видеоҳои охирин

Чаро қимати тарбуз дар Тоҷикистон парвоз кард?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:21 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG