Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон "Бехатарии сейсмикӣ"-ро баррасӣ мекунад


Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни нави "Бехатарии сейсмикӣ" баррасӣ шудааст. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон, ин лоиҳа аз ҷониби Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи улум ва узви Маҷлиси Миллӣ ва Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти парлумон пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, "қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқию ташкилиро дар соҳаи баҳодиҳии хатари заминҷунбӣ, сохтмони биноҳои ба заминҷунбӣ тобовар, огоҳкунии пешакии аҳолӣ аз хатари заминҷунбӣ ва коҳиш додани зарари иҷтимоию иқтисодӣ аз заминҷунбии шадиди эҳтимолиро муайян менамояд."

Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаҳои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба чанд қонуни Тоҷикистон, Созишномаи Тоҷикистону Афғонистон дар мавриди истирдод ва Созишномаи Париж оид ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим баррасӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG