Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Трамп додрасҳоро танқид кард


Стивен Миллер
Стивен Миллер

Як мақоми баландпояи Кохи Сафед се додраси федеролиро барои бетағйир гузоштани ҳукми додгоҳи поёнӣ дар бораи аз эътибор соқит кардани фармони баҳсбарангези Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико сахт танқид кард.

Баёнияи Стивен Миллер, мушовири аршади Доналд Трамп интиқоди дигаре аз додрасҳои Амрикост, ки намояндагони ҳукумати Доналд Трампро ба хашм оварданд. Стивен Миллер рӯзи 12-уми феврал дар сӯҳбат бо телевизиони Фокс Нюс гуфт, ҳеҷ шакку шубҳае набояд дар бораи қудрати раиси ҷумҳур Трамп дар назорати марзҳои Амрико ва масоили муҳоҷират вуҷуд дошта бошад.

Худи Доналд Трамп ҳам ҳафтаи гузашта додрасҳоро рӯирост танқид кард ва гуфт, дар андешаи судури фармони наве аст. Доналд Трамп рӯзи 27-уми январ дар бораи манъи вуруди сокинони 7 кишвари умдатан мусулмоннишин ба Амрико фармоне содир кард ва баҳси зиёди қонунӣ ҳам ба вуҷуд овард.

Вале як додраси федеролӣ онро беэътибор кард ва додгоҳи болоӣ ҳам шикояти ҳукумати Доналд Трамп аз қарори додгоҳро қонеъ накард. Бар асоси фармони мазкур вуруди шаҳрвандони Эрону Ироқ, Либияву Сомалӣ, Судону Сурия ва Яман ба Амрико барои муввақат манъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG