Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мудир ва муҳосиби коллеҷи Турсунзода


Додситонӣ мегӯяд, аз утоқи мудир 11500 сомонӣ
пайдо кардаанд.
Додситонӣ мегӯяд, аз утоқи мудир 11500 сомонӣ пайдо кардаанд.

Додситонии кулл мегӯяд, ба зидди мудир ва муҳосиби коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонӣ рӯзи 10-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ навишт, ки Аҳмад Сафаров, мудир ва Иброҳим Ҳасанов муҳосиби коллеҷ аз 51 донишҷӯи шӯъбаи дорусозӣ бар иловаи маблағи шартнома аз 1000 то 1500 доллар ришва хоста ва гирифтаанд.

Ба гуфтаи додситонӣ баъди муроҷиати ду волидайн, ки фарзандонашон барои напардохтани пули тамаъкарда дар феҳрасти донишҷӯёни мавриди ихроҷ қарор гирифтаанд, ба додситонӣ шикоят кардаанд.

Дар баёния омадааст, ки дар натиҷаи амалиёт дар моҳи январ аз утоқи кории мудири коллеҷ 11500 сомонӣ пайдо карда шудааст, ки пули ришваи хостаи мудир ва муҳосиб мебошад. Додситонӣ мегӯяд, ҳарду нафар дастгир шуданд ва парвандаи ҷиноиашон таҳқиқ мешавад. Вакилони дифои боздоштшудаҳо ҳануз дар бораи ин парванда изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG