Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози интихоботи президентӣ дар Туркманистон


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 Туркманистонро раҳбарӣ мекунад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 Туркманистонро раҳбарӣ мекунад.

Дар Туркманистон 12-уми феврал интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оғоз шуд ва интизор меравад, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои 7 соли дигар раиси ҷумҳур боқӣ бимонад. Интихобот соати 7 субҳ ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд ва ба гуфтаи Кумиссиёни марказии интихоботи Туркманистон дар зарфи се соат бештар аз 1 миллиону 600 ҳазор нафар раъй додаанд.

Дар интихобот 8 номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ шудаанд, ки инро вонамуд кардани интихоботи “демократӣ” дар Туркманистон арзёбӣ мекунанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тамоми бахшҳои ҷомеаро зери назорат дорад ва Туркманистон яке аз кишварҳои пӯшидаи ҷаҳон ба шумор меравад.

Михал Романовски, коршинос аз Бунёди Маршалл дар Амрико мегӯяд, “Ҳамаи интихоботҳои 25 соли пеш фиреб буд, чун дар кишвар на мухолифони воқеӣ вуҷуд доранд, ҷомеа саркӯб шудааст ва матбуоти мустақил тақрибан нест.”

Ба ғайр аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки аз соли 2006 раиси ҷумҳури Туркманистон аст, 7 номзади дигар, раисони ҳукуматҳо, вакилон ва мудирони баъзе аз ширкатҳоро ҳамчун номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кардаанд. Бори аввал аст, ки дар таърихи Туркманистон дар варақаҳои раъйдиҳӣ номзадҳои бештар аз як ҳизбро ҷой додаанд.

Нозирон мегӯянд, ҳеҷ яке аз интихоботҳои порлумонӣ ва ё раиси ҷумҳур дар ин кишвар мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ набудааст. Дар интихоботи соли 2006 ба гуфтаи Кумиссиёни марказии интихобот 89 дар сад ба тарафдории Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раъй доданд, дар интихоботи соли 2012 аз он ҳам бештар ва 97 дар сад.

XS
SM
MD
LG