Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба Рӯҳонӣ ҳушдор дод: "Беҳтар аст, мувозиб бошад"


Ҳасани Рӯҳонӣ ҳангоми суханронӣ дар маросими солрӯзи инқиломи исломии Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ ҳангоми суханронӣ дар маросими солрӯзи инқиломи исломии Эрон

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – ҷанги лафзиаш бо Теҳронро рӯзи 10 феврал афзоиш дод ва ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки "беҳтар аст, мувозиб бошад". Оқои Трамп ин гапро баъди он иброз кард, ки Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа дар маросими солрӯзи инқилоби исломии 1979 гуфт, "ҳар касе бо забони таҳдид сухан мегӯяд, миллати Эрон ӯро пушаймон хоҳад кард". Ӯ гуфт, "миллати мо якпорча ва огоҳ аст. Бо мардуми Эрон бояд бо эҳтиром ҳарф зад." Президенти Амрико ҳангоми сафараш ба Флорида ҳамроҳи Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон, гуфт, беҳтар аст, ки раиси ҷумҳури Эрон мувозиб бошад. Доналд Трамп рӯзи 2 феврал гуфт, Эронро зери назорат доранд ва сипас даври тозаи таҳримҳоро бар Теҳрон ҷорӣ кард. Ин таҳримҳо баъди иттиҳоми онки Эрон мушаки баллистикиро озмоиш ва қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро нақз кардааст, ҷорӣ гардид.

XS
SM
MD
LG