Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Убайдуллоев бо раиси порлумони Ҷумҳурии Чех


Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикстон бо Ян Ҳамачек, раиси порлумони Ҷмуҳурии Чех дар Душанбе мулоқот кардааст. Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ гуфт, ин мулоқот баъд аз зуҳри 10 феврал сурат гирифта, оқои Убайдуллоев «истифодаи зарфияти сармоягузорони чехиро дар бахши мошинсозӣ, таҷҳизоти энержӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати тиббиву дорусозӣ дар кишвар» мувофиқи мақсад донистааст. Ба қавли манбаъ, дар ин сӯҳбат таъмини субот дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз афзоиши терроризму қочоқи маводи мухаддир низ баҳс шудааст. Ян Ҳамачек, раиси порлумони Ҷумҳурии Чех дар раъси як ҳайат ба Тоҷикистон омада ва дар ҷараёни ин сафараш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ҳам дидору мулоқот кардааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки дар гузашта шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва раиси Маҷлиси Миллӣ буд, дар як моҳи охир аз ду вазифаи аввалаш озод шудааст.

XS
SM
MD
LG