Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди инқилоби исломӣ дар Эрон бо шиорҳои зиддиамрикоӣ


Садҳо ҳазор сокини Эрон рӯзи 10 феврал дар солгарди 38-уми инқилоби исломӣ дар хиёбонҳои марказӣ раҳпаймоӣ карданд. 11 феврали соли 1979 тарафдорони Оятуллоҳ Хумайнӣ ҳукумати Ризошоҳи Паҳлавиро, ки аз ҷониби ИМА пуштибонӣ мешуд, аз қудрат барканор кард. Телевизиони давлатӣ наворҳоеро ба намоиш гузошт, ки издиҳоми азими мардум дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари кишвар дар сардии ҳаво раҳпаймоӣ мекарданд. Ҷамъомадагон дар майдони “Озодӣ”-и Теҳрон шиорҳое зидди Амрико ва Исроил ба забон меоварданд. Бархе дар даст парчаме бо навиштаҷоти “Марг бар Амрико” ва ҳам акси мазхараомези президент Доналд Трампро доштанд. Ҳасани Рӯҳонӣ, президент Эрон зимни муроҷиат ба издиҳоми мардум аз маъмурияти Трамп ба ҳайси “як мушкил” ёд кард ва гуфт, ки “Эрон ба таҳдидҳо алайҳи худаш посухи тунд хоҳад дод”. Ин маросим ҳафтае баъди он мегузарад, ки маъмурияти Трамп гуфт, барои озмоиши баллистикӣ, ки хилоф бо қатъномаи СММ аст, Эронро ҳушдор медиҳад.

XS
SM
MD
LG