Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо раиси парлумони Чехия


Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 10 феврал бо раиси палатаи вакилони парлумони Чехия Ян Ҳамачек, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кардааст. Раиси палатаи вакилони парлумони Чехия субҳи имрӯз, 10 феврал дар раъси як ҳайат вориди Душанбе шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷиистон, Шукурҷон Зуҳуров ва Ян Ҳамачек дар робита ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар сӯҳбат кардаанд. Дар назар аст раиси палатаи вакилони парлумони Чехия Ян Ҳамачек бо мақомоти дигари Тоҷикистон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот намуда, масоили таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехия ва дурнамои тавсеаи равобити парлумонии байни ду кишварро матраҳ намояд.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG