Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи амалиёти ҳавоии нирӯҳои амрикоӣ дар моҳи ҷорӣ дар Сурия, 11 узви созмони террористии Ал-Қоида кушта шуданд. Дар миёни онҳо яке аз раҳбарони собиқадоре ҳам кушта шуд, ки бо Усома Бин Лоден ва дигар фармондеҳони баландпояи ин ташаккул иртибот доштааст. Дар ин бора рӯзи 8 феврал Пентагон хабар дод. Нафаре, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии назди Идлиб рӯзи 4 феврал кушта шудааст, Абу Ҳанӣ Ал-Масрӣ аст, ки бо раҳбари собиқ Усмона Бин Лоден ва раҳбари кунунӣ Аймон Аззавоҳирӣ дар иртибот буд. Ин нафарро ҳамчунин масъули таъсиси қароргоҳҳои тамринии террористӣ дар Афғонистон дар солҳои 1980 ва 1990 меноманд, гуфт Пентагон. Ин нафар дар тарбия ва мусаллаҳсозии ҳазорҳо террористон, ки баъдан ба саросари ҷаҳон роҳ ёфтанд, даст доштааст.

Видеоҳои охирин

Бовар надоштем, ки духтари мо 9 "миллионӣ" мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:49 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG