Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон барномаи мубориза бо терроризмро қабул кард


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон лоиҳаи фармони президенти ин кишварро дар бораи барномаи давлатии мубориза бо терроризму экстремизми динӣ барои солҳои 2017-2020 нашр кард.

Ҳадафи барнома беҳтар намудани чораҳоест, ки ба эмин нигаҳ доштани ҷомеа аз идеологияҳои радикалию таҳаммулнопазирӣ ба амалҳои марбути зуҳуроти тундгароӣ равона шудаанд.

Бино ба малумоти барнома, тайи чаҳор соли ахир аз сафари 546 шаваҳрванди Қазоқистон ба минтақаҳои террористӣ пешгирӣ ва аз соли 2013 инҷониб 27 ҷамъомаду ҳамоиши дорои хусусияти зӯроварию даҳшатафканӣ пароканда карда шудааст.

Тибқи барнома, "хунсосозии омилҳои дохилию берунӣ, ки ба пайдоиши назарҳои ифротӣ миёни намояндагони ялоҳидаи ҷомеа мусоидат мекунад" бояд ворид шудани Қазоқистонро ба "сигонаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон" таъмин кунад. Дар лоиҳаи барнома ба омилҳои дохилӣ мушкилоти мавҷудаи иҷтимоию иқтисодӣ низ ворид шудаанд.

Таҳиягарони барнома мақсад гузоштанд, шумори нафароне, ки бо ҳадафи барангехтани адовати динӣ ақидаҳои ифротгароиро паҳн мекунанд, дар Қазоқистон бояд ҳамасола 5 дарсад коҳиш дода шавад. Дар лоиҳа ба афзоиши ҳамасолаи теъдоди дурбинҳои назоратӣ дар кӯчаҳои ин кишвар таъкид шудааст.

Барнома ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи вокуниш ба таҳдидҳои террористиро дар маҳдудаи баҳри Каспий ва пешгирӣ аз ворид шудани идеологияи тундгароию террористӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои махсус, аз ҷумла низомиёни Қазоқистон пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG