Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекистон. Мусодираи амвол дар ивази қарзҳои коммуналӣ


Сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон шикоят мекунанд, ки мақомот дороии онҳоеро, ки ҳаққи истифодаи газ ва барқро надодаанд, мусодира мекунанд. Аз манотиқи дигари ин кишвар низ чунин хабар расидааст.

Бахтиёр, як сокини ин ноҳия мегӯяд, гурӯҳи махсуси кормандони пулис ва додситонӣ ҳамроҳ бо наворбардор ба хонаи ӯ омада, дар ивази пули насупурдаи газ ва барқ чорпоён, телевизор ва дигар дороияшро мусодира кардаанд.

Муҳандиси идораи гази вилояти Ҷиззах гуфт, пештар ба шаҳрвандоне, ки ҳаққи истифодаи газро напардохтаанд, ҳушдор дода буданд, ки парвандаи онҳоро додгоҳ баррасӣ карда, моликияташон мусодира хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, то ҳоло тибқи қарори шумораи 283-и ҳукумат 300 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Кормандони идораи гази Ҷиззах тасдиқ карданд, ки мусодираи амволи қарздорон баъд аз даъвати раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев, ки аввали моҳи январ хостори рӯёндани қарзҳои истифода барқ ва газ шуд, шиддат гирифт.

XS
SM
MD
LG