Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии президенти Қирғизистон ба Брюссел


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон 16 феврал дар доираи як сафари расмӣ аз Белгия боздид ва бо раҳбарони ниҳодҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо (ИА) гуфтугӯ хоҳад кард.

Ин нуктаро Чезаре Де Монтис, раҳбари намояндагии ИА дар Бишкек расонаӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин севумин сафари президенти Қирғизистон ба Брюссел дар 3,5 соли ахир хоҳад буд.

Отамбоев солҳои 2013 ва 2015 низ аз Белгия боздид кардааст, ки "барои муносибатҳои дуҷониба хеле судманд" арзёбӣ шуданд.

Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафари Отамбоев таҳрири созишномаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шавад, ки бори нахуст 20 соли пеш имзо шуда буд.

"Санади нав комилтар ва ба тағйироте, ки дар Қирғизистон, ИА ва ҷаҳон сурат гирифтаанд, ҷавобгӯ хоҳад буд. Қарор аст, Отамбоев аз иттиҳод барои тақвияти ниҳодҳои демократӣ дар Қирғизистон дархости кумак кунад. Албатта, на танҳо молӣ, балки дар маҷмуъ. Ва интизор меравад, дархостҳои президенти Қирғизистон низ аз тарафи ИА истиқбол шаванд", - афзуд Чезаре Де Монтис.

Раҳбари намояндагии ИА дар Бишкек президенти Қирғизистонро намунаи истисноии ҳамкории ошкоро хонда, гуфт, "президенти Қирғизистон дӯсти ИА ва ИА дӯсти президенти Қирғизистон аст".

XS
SM
MD
LG